Ҳалокати капитани милитсия дар Конибодом ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор

Asia-Plus

Зодаи шаҳри Конибодом, муовини командири баталйон оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502 ВКД Тоҷикистон капитан Фаррух Иброҳимов ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор ба ҳалокат расид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳомбурда ҳангоми қарор доштан дар рухсатии меҳнатӣ дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом баъди бохабар гаштан аз ҳодисаи сӯхтор дар манзили истиқоматии ҳамдеҳааш Саодат Толибова воқеъ дар маҳаллаи Ҳавзи баланд бетараф наистода барои хомӯш кардани оташ ҳиссагузорӣ намуд.

“Афсари ҷавон, ки ҳамаги 27 сол дошт бо ғайрати том ба сухторхомӯшкунӣ машғул гашта дар иҳотаи оташ ҷароҳатҳои вазнини сухтаи бадан мебардорад ва бо бардошти 85% сӯхтани аъзои бадан баъдан дар беморхона ба ҳалокат мерасад”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, афсари қушунҳои дохилӣ капитан Фаррух Иброҳимов баъди марг бо фармони вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода рутбааш ду зина боло бардошта шуда, бо рутбаи подполковник қадршиносӣ гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...