Ҳалокати капитани милитсия дар Конибодом ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор

Зодаи шаҳри Конибодом, муовини командири баталйон оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502 ВКД Тоҷикистон капитан Фаррух Иброҳимов ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор ба ҳалокат расид. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳомбурда ҳангоми қарор доштан дар рухсатии меҳнатӣ дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом баъди бохабар гаштан аз ҳодисаи сӯхтор дар манзили истиқоматии ҳамдеҳааш Саодат Толибова воқеъ […]

Зодаи шаҳри Конибодом, муовини командири баталйон оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502 ВКД Тоҷикистон капитан Фаррух Иброҳимов ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор ба ҳалокат расид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳомбурда ҳангоми қарор доштан дар рухсатии меҳнатӣ дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом баъди бохабар гаштан аз ҳодисаи сӯхтор дар манзили истиқоматии ҳамдеҳааш Саодат Толибова воқеъ дар маҳаллаи Ҳавзи баланд бетараф наистода барои хомӯш кардани оташ ҳиссагузорӣ намуд.

“Афсари ҷавон, ки ҳамаги 27 сол дошт бо ғайрати том ба сухторхомӯшкунӣ машғул гашта дар иҳотаи оташ ҷароҳатҳои вазнини сухтаи бадан мебардорад ва бо бардошти 85% сӯхтани аъзои бадан баъдан дар беморхона ба ҳалокат мерасад”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, афсари қушунҳои дохилӣ капитан Фаррух Иброҳимов баъди марг бо фармони вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода рутбааш ду зина боло бардошта шуда, бо рутбаи подполковник қадршиносӣ гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.