Ҳукми 15 соли зиндон ба сокини Ваҳдат барои кӯшиши куштани ҳамсару духтараш

Asia-Plus

Сокини шаҳри Ваҳдат Саидбек Ҷӯраев барои кӯшиши куштани зан ва духтараш ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

“Ҷӯраев 24 марти соли ҷорӣ ба манзили истиқоматии ҳамсараш Мавҷуда Набиева ба шаҳри Ҳисор омада, аз номбурда хоҳиш намудааст, ки ҳамроҳаш ба шаҳри Ваҳдат ба манзили зисташ равад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Лекин, ба иттилои манбаъ, вақте ҳамсараш хоҳиши ӯро бинобар нигоҳубини духтараш, ки фарзанди хурдсол таваллуд кардаасту ба ёриаш эҳтиёҷ дорад, рад мекунад, ӯ ҳамсарашро нахуст лату кӯб ва сипас бо табар ба cap ва дигар қисматҳои баданашон зада, ба саломатии онҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонии барои ҳаёт хавфнок мерасонад.

“Аз ҳолати мазкур шаҳрвандоне, ки дар маъракаи азодории ҳамсояи Набиева ҳузур доштанд, огоҳ гардида, ба идомаи кирдори ҷинояткоронаи Ҷӯраев монеъа ва кушторро пешгирӣ намуданд”, – омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, Суди олии Тоҷикистон барои ин амалҳои ҷинояткорона Саидбек Ҷӯраевро ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...