Акнун фарқе нест. Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон боло рафт

Ҳанӯз дирӯз қурби расмии доллар нисбати сомонӣ ба 9,43 сомонӣ баробар буда, муддати як шабонарӯз он 27 дирам боло рафт ва 9,70 сомониро ташкил медиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ин ҳолатро ба баробар кардани фарқият байни қурби расмӣ ва ғайрирасмӣ нисбат медиҳад. Айни замон, бинобар зиёд будани фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои ғайрибонкӣ аксари […]

Ҳанӯз дирӯз қурби расмии доллар нисбати сомонӣ ба 9,43 сомонӣ баробар буда, муддати як шабонарӯз он 27 дирам боло рафт ва 9,70 сомониро ташкил медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ин ҳолатро ба баробар кардани фарқият байни қурби расмӣ ва ғайрирасмӣ нисбат медиҳад.

Айни замон, бинобар зиёд будани фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои ғайрибонкӣ аксари мизоҷон хоҳиши мубодила кардани маблағҳои асъории дар суратҳисобҳои бонкӣ доштаи худро надоранд, ки ин боиси ғайрифаъол ва берун аз гардиш мондани ҳаҷми муайяни маблағҳои асъорӣ мегардад.

“То нимаи моҳи май фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрибонкӣ то ба 6,1% расид, ки ба афзоиши талабот ба асъори амрикоӣ ва дар навбати худ, афзун гардидани фишорҳои қурбӣ ва тезонидани раванди беқурбшавии сомонӣ боис гардид”, – хабар медиҳад БМТ.

Бино ба маълумоти шуъбаи матбуоти БМТ, барои ҳалли ин масъала Бонки миллӣ як қатор тадбирҳо рӯйи кор гирифта, тасҳеҳи ҳозира аз ҷумлаи онҳост.

“Аз ҷумла, барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани чунин фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА ба мақсад мувофиқ мебошад”, – қайд мешавад дар маълумоти Бонки миллӣ.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани талабот ба доллари нақди ИМА – афзоиши тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда” асосёфтаро амалӣ карда истодааст.

Қобили зикр аст, ки қурби ғайрирасмии доллар дар бозор низ тағйир наёфта, 9,70 сомонӣ барои 1 долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.