Дар Душанбе гурӯҳи аввалини ҳоҷиёнро пешвоз гирифтанд

Asia-Plus

Гурӯҳи аввалини зойирин аз Тоҷикистон субҳи имрӯз ба Душанбе баргашта, онҳоро пайвандону наздиконашон истиқбол намуданд.

“Субҳи имрӯз бо хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” гурӯҳи иборат аз 17 нафари ҳоҷиён аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба Душанбе баргаштанд, дирӯз бошад, гурӯҳи аввали зойиринро аз вилояти Суғд ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба шаҳри Хуҷанд расонид”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷумҳурӣ Афшин Муқим.

Бино ба гуфтаи номбурда, бозгашти зойирини тоҷикистонӣ ба ватан то моҳи сентябр идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки имсол зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон фавтиданд.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ ҳудуди 5 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф гардиданд. Соли 2018 беш аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён маросими адои ҳаҷро ба ҷо оварда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.