Занони Арабстони Саудӣ ба саёҳат бе иҷозаи мардон ҳуқуқ пайдо карданд

Дар Арабистони Саудӣ тағйирот ба қонунгузорӣ доир ба васеъ шудани ҳуқуқҳои занон мавриди амал қарор гирифт, хабар медиҳад Saudi Gazette. Аз ҷумла, акнун онҳо метавонанд мустақилона шиноснома гиранд, ба сайру саёҳат раванд, таваллуди фарзандро бидуни гирифтани иҷозаи марди сарпараст ба қайд гузоранд ва ҳамчунин ноболиғонро таҳти сарпарастӣ гирифта, дар муассисаҳои давлатӣ ҳуҷҷатҳои оилавиро дастрас намоянд. […]

Дар Арабистони Саудӣ тағйирот ба қонунгузорӣ доир ба васеъ шудани ҳуқуқҳои занон мавриди амал қарор гирифт, хабар медиҳад Saudi Gazette.

Аз ҷумла, акнун онҳо метавонанд мустақилона шиноснома гиранд, ба сайру саёҳат раванд, таваллуди фарзандро бидуни гирифтани иҷозаи марди сарпараст ба қайд гузоранд ва ҳамчунин ноболиғонро таҳти сарпарастӣ гирифта, дар муассисаҳои давлатӣ ҳуҷҷатҳои оилавиро дастрас намоянд. Тайғироти дахлдор аввали моҳи август қабул шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки дар Арабистони Саудӣ то ҳол барои занон маҳдудиятҳои сершумор ҷой доранд. Бо вуҷуди ин, ахиран вазъ дар ин самт тадриҷан тағйир меёбад: соли 2017 ба занон иҷоза доданд, ки шаҳодатномаи ронандагӣ гирифта, мустақилона автомашина ронанд. Баъдтар ба роҳнамои сайёҳон шудан ва боздид аз бозиҳои футбол низ барои занони ин кишвар иҷоза шуд.

Гуфта мешавад, тавсеаи ҳуқуқҳои занон дар Арабистони Саудӣ қисмате аз ислоҳоти бештар васеътар аст, ки ҳукуматдорон дар пайи камшавии даромад дар робита ба арзоншавии нафт онро мавриди амал қарор доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.