Нишасти таъҷилии ҳавопаймои хатсайри Душанбе – Маскав дар фурудгоҳи Оренбург

Ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии» дар хатсайри Душанбе – Маскав бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии духтарчаи 13-сола дар дохили он таъҷилан ба Оренбург фуруд омад, хабар медиҳанд ВАО-и Русия. “Ҳодиса рӯзи чоршанбе, 21 август дар хатсайри U6 2424 Душанбе–Жуковский ба амал омад. Вазъи солимии яке аз мусофирон – духтарчаи 13-сола аз бемории дил ногаҳон хеле […]

Ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии» дар хатсайри Душанбе – Маскав бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии духтарчаи 13-сола дар дохили он таъҷилан ба Оренбург фуруд омад, хабар медиҳанд ВАО-и Русия.

“Ҳодиса рӯзи чоршанбе, 21 август дар хатсайри U6 2424 Душанбе–Жуковский ба амал омад. Вазъи солимии яке аз мусофирон – духтарчаи 13-сола аз бемории дил ногаҳон хеле бад шуда, роҳбари ҳайати сарнишинон тасмим гирифт, ки дар фурудгоҳи наздиктарини Оренбург ҳавопайморо фуруд меорад”, – хабар додаанд ба РБК дар хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

“Соати 12:10 дақиқа ҳавопаймо ба фурудгоҳи таъинот – Жуковский парвоз кард. Дар фурудгоҳ ба духтарча ёрии зарурии тиббӣ расонида шуд. Дар беморхона бистарӣ шуданро ӯ рад кард”, – хабар медиҳад ТАСС.

Дар намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» дар Душанбе маълумотро дар бораи нишасти таъҷилии ҳавопаймои ин хатсайр ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, лекин аз шарҳи ҷузъиёти воқеа худдорӣ варзиданд.

“Ҳавопаймо аллакай ба Маскав парвоз кард. Мо дар бораи ин духтарча алҳол маълумот дар даст надорем. Фикр мекунам, ки ҳамааш хуб анҷом ёфтааст. Агар ӯро дар бемористон бистарӣ мекарданд, ба мо барқия (телеграмма) мефиристоданд. Ба мо дар ин хусус алҳол мактуб ё барқия нарасидааст”, – хабар дод намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон Умедҷон Лолаев.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.