Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе дар мавзӯи “Аҳамияти ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” конфронс баргузор мешавад; – Дар Маҷористон (Венгрия) Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ (гребля на байдарках и каноэ) идома дорад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд; – Дар Маҷористон Чемпионати ҷаҳон оид ба навъҳои варзиш дар об байни наврасон оғоз […]

АНОНС

– Дар Душанбе дар мавзӯи “Аҳамияти ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” конфронс баргузор мешавад;

– Дар Маҷористон (Венгрия) Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ (гребля на байдарках и каноэ) идома дорад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд;

– Дар Маҷористон Чемпионати ҷаҳон оид ба навъҳои варзиш дар об байни наврасон оғоз мегардад. Ҳайати Тоҷикистон аз 4 нафар шиновар иборат аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6825 сомонӣ;

1 евро – 10.7514 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1450 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1943 – Дар ИҶШС омӯзишгоҳҳои суворовӣ таъсис дода шуд.

1930 – Анҷумани нахустини сартосарии забоншиносони Тоҷикистон баргузор шуд.

1979 – Дар шаҳри Душанбе сокини 500-ҳазор нафара ба дунё омад.

1990 – Дар Боулдэр (ИМА) чойхона ифтитоҳ шуд, ки душанбегиҳо ба сифати туҳфа ба ин бародаршаҳр тақдим намуданд

1879 – Зодрӯзи эроншиноси рус, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Александр Фрейман.

1913-1997 – Мавлуди актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шаҳодат Сиддиқова.

1941 – Зодрӯзи журналисти тоҷик, доктори улуми филологӣ пофессор Абдусаттор Нуралиев.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 22 август аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.