Набераи президенти Тоҷикистон 5 гол зад. Дар бозӣ бо ҳузури бобояш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд шоми рӯзи 21 август дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мусобиқа бо вохӯрӣ байни тимҳои наврасони “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд шоми рӯзи 21 август дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мусобиқа бо вохӯрӣ байни тимҳои наврасони “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз шуд. Дар ҳайати тими “Спартак” набераи Президенти Тоҷикистон, Анӯшервони Рустам, писари раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бозӣ кард.

Маҳз ӯ дар дақиқаҳои аввали бозӣ бо як маҳорати хос бо зарбаи нишонрас аз майдончаи ҷаримавӣ тубро вориди дарвозаи ҳарифон кард.

Гуфта мешавад, бозӣ бо ҳисоби 6 бар 1 бо ғалабаи дастаи “Спартак” анҷом ёфта, 5 тӯб дар ин бозӣ бо зарбаҳои қавию нишонрас аз тарафи бозингари бомаҳорат Анушервони Рустам ба дарвозаи ҳарифон ворид гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки баъди анҷоми бозии футбол Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасманд кардани футболбозони наврас, ба ҳамаи онҳо дучархаҳои замонавӣ ва тӯбҳои чармӣ тақдим кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.