Оғози фаъолияти сафири нави Олмон дар Тоҷикистон

Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн рӯзи 21 август нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқоте, ки баъд аз маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои  ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон гуфтугӯи судманд анҷом доданд. […]

Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн рӯзи 21 август нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқоте, ки баъд аз маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои  ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Гуфта мешавад, дар анҷоми вохӯрӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Андреас Протманн барои анҷоми рисолати дипломатиаш муваффақият орзу намуд.

Тибқи иттилои ВАО-и Украина, то таъинот ба мансаби сафирӣ дар Тоҷикистон Андреас Протманн  ба ҳайси роҳбари ситоди кории “Украина” дар Вазорати корҳои хориҷии Олмон ифои вазифа мекард.

Андреас Протманн дар вазифаи сафири Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссингро иваз намуд.

Қобили зикр аст, ки сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон яке аз аввалин намояндагии хориҷӣ баъди соҳибистиқлолии кишвар буда, 10 июни соли 1993 ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".