Дар Душанбе гурӯҳи аввалини ҳоҷиёнро пешвоз гирифтанд

Гурӯҳи аввалини зойирин аз Тоҷикистон субҳи имрӯз ба Душанбе баргашта, онҳоро пайвандону наздиконашон истиқбол намуданд. “Субҳи имрӯз бо хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” гурӯҳи иборат аз 17 нафари ҳоҷиён аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба Душанбе баргаштанд, дирӯз бошад, гурӯҳи аввали зойиринро аз вилояти Суғд ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба шаҳри Хуҷанд расонид”, – хабар дод […]

Asia-Plus

Гурӯҳи аввалини зойирин аз Тоҷикистон субҳи имрӯз ба Душанбе баргашта, онҳоро пайвандону наздиконашон истиқбол намуданд.

“Субҳи имрӯз бо хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” гурӯҳи иборат аз 17 нафари ҳоҷиён аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба Душанбе баргаштанд, дирӯз бошад, гурӯҳи аввали зойиринро аз вилояти Суғд ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба шаҳри Хуҷанд расонид”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷумҳурӣ Афшин Муқим.

Бино ба гуфтаи номбурда, бозгашти зойирини тоҷикистонӣ ба ватан то моҳи сентябр идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки имсол зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон фавтиданд.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ ҳудуди 5 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф гардиданд. Соли 2018 беш аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён маросими адои ҳаҷро ба ҷо оварда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.