Нишасти таъҷилии ҳавопаймои хатсайри Душанбе – Маскав дар фурудгоҳи Оренбург

Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии» дар хатсайри Душанбе – Маскав бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии духтарчаи 13-сола дар дохили он таъҷилан ба Оренбург фуруд омад, хабар медиҳанд ВАО-и Русия.

“Ҳодиса рӯзи чоршанбе, 21 август дар хатсайри U6 2424 Душанбе–Жуковский ба амал омад. Вазъи солимии яке аз мусофирон – духтарчаи 13-сола аз бемории дил ногаҳон хеле бад шуда, роҳбари ҳайати сарнишинон тасмим гирифт, ки дар фурудгоҳи наздиктарини Оренбург ҳавопайморо фуруд меорад”, – хабар додаанд ба РБК дар хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

“Соати 12:10 дақиқа ҳавопаймо ба фурудгоҳи таъинот – Жуковский парвоз кард. Дар фурудгоҳ ба духтарча ёрии зарурии тиббӣ расонида шуд. Дар беморхона бистарӣ шуданро ӯ рад кард”, – хабар медиҳад ТАСС.

Дар намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» дар Душанбе маълумотро дар бораи нишасти таъҷилии ҳавопаймои ин хатсайр ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, лекин аз шарҳи ҷузъиёти воқеа худдорӣ варзиданд.

“Ҳавопаймо аллакай ба Маскав парвоз кард. Мо дар бораи ин духтарча алҳол маълумот дар даст надорем. Фикр мекунам, ки ҳамааш хуб анҷом ёфтааст. Агар ӯро дар бемористон бистарӣ мекарданд, ба мо барқия (телеграмма) мефиристоданд. Ба мо дар ин хусус алҳол мактуб ё барқия нарасидааст”, – хабар дод намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон Умедҷон Лолаев.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.