Тавсеъаи доираи фарогирии шабакаи НФС “Газпромнефт” дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Дар нуқтаи нави фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и ширкати “Газпромнефт” дар ноҳияи Ёвон бензини навъҳои АИ-95, АИ-92, G-Drive 92 ва ҳамчунин сӯзившории дизелӣ (солярка) ва гази моеъ пешниҳод мегардад.

Дар гӯша барои истеъмолгарон дар лавҳа шиносномаи сифати сӯзишворӣ, нишондиҳанда ва хусусиятҳои асосии бензин ва сӯзишвории дизелӣ дарҷ ёфтааст. Дар мағозаи НФС молу маҳсулот ва лавозимоти зарурӣ харидан имкон дорад.

Нуқтаи нав аз рӯи низоми пешпардохт барои сӯзишворӣ тариқи пули нақд ё корти бонкӣ кор мекунад. Барои қулай будани пардохт дар НФС терминалҳои “Бонки Эсхата”, “Спитамен Бонк”, “Алиф Сармоя” насб шуда, маблағ аз кортҳои “Корти миллӣ”, VISA ва Union Pay қабул мешавад.

Барои мизоҷони чаканаи шабака барномаи “Мо ҳамсафарем”, амал мекунад, ки ба ҷамъ кардани балл ва пардохт тариқи он барои сӯзишворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ дар ҳамаи нуқтаҳои шабакаи НФС “Газпромнефт” дар Тоҷикистон имкон медиҳад. Барои хизматрасонии мизоҷони шарик (корпоративӣ)-и ширкат терминали пардохти ғайринақдӣ насб шудааст, ки кортҳо барои сӯзишвории “Газпромнефт”-ро қабул мекунад.

“Шабакаи НФС “Газпромнефт” доираи ҳузурашро дар вилояти Хатлон тавсеъа бахшида, ин аввалин НФС дар минтақаи ҷануб аст. Бо камоли мамнуният сӯзишвории сифаташ баланд, хӯрдании болаззат ва қаҳваи бомазза пешниҳод мекунем. Умедворем, ки ронандагон  ба сатҳи хизматрасонии мо баҳои баланд дода, мизоҷони доимии мо мешаванд”, – қайд кард сардори Раёсати фурӯши чаканаи “Газпромнефт – Тоҷикистон Зуҳуриддин Файзиев.

Қобили зикр аст, ки нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Ёвон 37-ум буда, то охири сол ба нақша гирифта шудааст, ки шумори онҳо то ба 40 адад расонида шавад. Нуқтаҳои нави фурӯши сӯзшворӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе боз мешаванд.

Нуқтаи фурӯши наздиктарин ва маълумоти иловагӣ дар сомонаи www.gpnbonus.tj ё замимаи мобилии шабакаи НФС “Газпромнефт” дар Тоҷикистон, ки барои Android дастрас мебошад, қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...