Рӯзи ҷашни Истиқлолият воридшавӣ ба боғҳои Душанбе бепул мешавад

Рӯзи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (9 сентябр) воридшавӣ ба тамошои ҳамаи чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳри Душанбе бепул мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, минбаъд дар тамоми чорабиниҳое, ки мақомоти шаҳрдорӣ ва ҳукумати Тоҷикистон дар боғҳои шаҳр мегузаронанд, чунин таҷриба роҳандозӣ мешавад. Бино ба гуфтаи манбаъ, ғайр аз […]

Рӯзи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (9 сентябр) воридшавӣ ба тамошои ҳамаи чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳри Душанбе бепул мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, минбаъд дар тамоми чорабиниҳое, ки мақомоти шаҳрдорӣ ва ҳукумати Тоҷикистон дар боғҳои шаҳр мегузаронанд, чунин таҷриба роҳандозӣ мешавад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ғайр аз ин, ба ифтихори ҷашн ятимону бепарасторон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат  ба тамошо ва сайругашти осорхонаву боғҳои шаҳри Душанбе бурда мешаванд.

Маблағи воридшавӣ ба боғҳои Фирдавсӣ, Айнӣ ва Хайём барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва меҳмонони синни аз 14 то 70-сола 2 сомониро ташкил медиҳад. Барои кӯдакони синни то 7-сола ва шахсони синни аз 70-сола боло бепул мебошад.

Зимнан зикр шуд, ки воридшавӣ ба боғҳо барои ятимон, маъюбон, сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ бепул аст.

“Аттраксионҳо ба иҷора дода шуда, моликони онҳо дар мувофиқа бо маъмурияти боғ нархҳои худро мегузоранд, ки тез-тез вобаста ба талабот, болову поин мераванд”, – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе чорабиниҳои варзишӣ, шанбегии умумишаҳрӣ, озмуну викторинаҳои гуногун барпо мекунад.

Чорабинии асосии ҷашнӣ шоми рӯзи 9 сентябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” доир гардида, дар доираи он бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар намоишномаи театришуда барпо мегардад.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, ба ифтихори ҷашн дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт ва боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳр чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".