Тоҷикистон соли оянда ҳаҷми ММД-ро то ба 87 млрд. сомонӣ расониданист

Таҳияи лоиҳаи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” дар марҳилаи анҷомёбист, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ. Ҳаҷми умумии афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар соли оянда 87,3 млрд. сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли равон 7,4% зиёд аст. Қобили зикр аст, ки […]

Таҳияи лоиҳаи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” дар марҳилаи анҷомёбист, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ҳаҷми умумии афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар соли оянда 87,3 млрд. сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли равон 7,4% зиёд аст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2017 – 4,7% ва соли 2018 – 5%-ро ташкил дод.

Бино ба иттилои манбаъ, таҳиягарони лоиҳаи буҷет бар ин назаранд, ки соли 2020 касри (камбуди) буҷети давлатӣ 350 млн. сомониро ташкил хоҳад дод, ки ба 0,4% аз ҳаҷми умумии ММД баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки тӯли 6 моҳи соли 2019 ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон 31,3 млрд. сомонӣ (3,32 млрд. доллар)-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7,5% зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми ММД аз ҳисоби афзоиши воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба – 12,5%, маҳсулоти кишоварзӣ – 10,8%, гардиши савдои чакана – 9,4%, ҳамлу нақли мусофирон – 12,9% ва хизматгузориҳои пулакӣ – ба 0,9% расид.

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали ҳамин сол 2 млрд. 136,9 млн. доллар (сатҳи афзоиш – 3,8%)-ро ташкил дод, аз ҷумла содирот – 570,6 млн. доллар ва воридот – 1 млрд. 566,3 млн. доллар (сатҳи афзоиш – 2,3%).

Ба ҳолати аввали моҳи июл қисмати умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон 100,4% иҷро шуда, воситаҳои пулии ба буҷет воридшуда 10 млрд. 949,3 млн. сомонӣ (афзоиш 48,9 млн. сомонӣ) ва нисбати ММД – 35%-ро ташкил доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".