Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чаҳорчӯби нишасти сатҳи баланди масоили амниятӣ дар қолаби С5+1 (кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА) рӯзи 21 август дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон бо муовини Котиби давлатии ИМА дар масъалаҳои сиёсӣ Давид М.Хейл мулоқот кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чаҳорчӯби нишасти сатҳи баланди масоили амниятӣ дар қолаби С5+1 (кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА) рӯзи 21 август дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон бо муовини Котиби давлатии ИМА дар масъалаҳои сиёсӣ Давид М.Хейл мулоқот кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва рушди робитаҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар ҳошияи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ҳамсуҳбатон инчунин масъалаҳои рушди минтақавӣ ва мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои амниятиро муҳокима карданд.

Дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон  Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин дар нишасти сатҳи баланди масоили амниятӣ дар қолаби “С5+1” (кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА) ширкат варзид.

Дар чорабинии мазкур муовини  Котиби  давлатии ИМА дар масъалаҳои сиёсӣ Давид М.Хейл, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамкулов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингис Айдарбеков, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов иштирок намуданд.

Ҷонибҳо перомуни кӯшишҳо барои таҳкими шарокат, дастгирии таҳавуллоти иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти амнияти минтақавӣ ва тақвияти сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.

Иштирокчиёни нишаст пуштибонии худро аз ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби қолаби “С5+1”  таъкид карда, онро ҳамчун форуми муҳим барои муҳокима ва ҳалли муштараки мушкилоти умумӣ, таҳкими истиқолол ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин раванди тадорукотии мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби “С5+1” ва чорабиниҳои ҷориро дар қолаби мазкур дар чаҳорчӯби гурӯҳҳои кории масоили амниятӣ, иқтисодӣ ва муҳитизистӣ   матраҳ намуданд.

Ҳамин рӯз роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокчии нишасти “С5+1”-ро президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба ҳузур пазируфт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.