Баррасии вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва СҲИ

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 август Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) Ҳодӣ Сулаймонпурро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон аз […]

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 август Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) Ҳодӣ Сулаймонпурро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, ҳамлу нақли транзитию нақлиётӣ, ҳамчунин таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, изҳори қаноатмандӣ кард.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва туризм бо кишварҳои аъзои СҲИ манфиатдор аст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди туризми минтақавӣ, истиқрори сулҳу субот дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".