Волидони сарбози ҳалокшуда ба марги тасодуфии ӯ бовар надоранд

Сержанти хурд Ҳадятулло Тағоев аз тири силоҳи оташфишон дар қаламрави баталйони десантиву ҳуҷумӣ (десантно-штурмовой батальон)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе ҳалок шудааст. Ҷасади ӯ имрӯз дар зодгоҳаш – деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба хок супурда мешавад. Моҳи октябри соли 2017 ӯ ихтиёрӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳозир шуда, то анҷоми […]

Сержанти хурд Ҳадятулло Тағоев аз тири силоҳи оташфишон дар қаламрави баталйони десантиву ҳуҷумӣ (десантно-штурмовой батальон)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе ҳалок шудааст.

Ҷасади ӯ имрӯз дар зодгоҳаш – деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба хок супурда мешавад. Моҳи октябри соли 2017 ӯ ихтиёрӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳозир шуда, то анҷоми муҳлати хизматаш наздики 40 рӯзи дигар боқӣ монда буд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Исфара.

Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба волидони Тағоев гуфтаанд, ки ҳангоми машқҳо аз беэҳтиётӣ зимни истифода аз силоҳ ӯ аз қафаси синааш тир хӯрдааст.

Манбаъ дар мақомоти шаҳрдории Исфар иттилоъ дод, ки волидони сарбози ҳалокшуда аз ин хулосаи Вазорати мудофиа норозӣ буда, баҳри муайян кардани сабабҳои ҳақиқии марги фарзандашон ният доранд, ки ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".