Вакил: саркардагони муноқишаҳо дар сарҳад бояд саривақт ба ҷавобгарӣ кашида шаванд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарони кишварҳо, вакилони парлумон ва аъзои ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон оромона масъалаҳои қитъаҳои баҳсиро дар сарҳади ҳарду кишвар баррасӣ мекунанд, лекин мушкилот ҳал намешавад.

“Як гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандон, бахусус шаҳрвандони кишвари ҳамсоя дар ин масъала ба гапи касе гӯш намедиҳанд, ба назари онҳо, бо сангпартоӣ сӯи ҳамдигар масъала ҳал мешавад”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон генерал майор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷӯрахон Маҷидзода.

Вакил мутмаин аст, ки ҳар як муноқиша дар сарҳади давлатӣ мушкилотро боз бештар душвор ва печида месозад.

“Агар Тоҷикистону Қирғизистон қаблан саривақт саркардагони бетартибиҳоро дар сарҳад ба ҷавобгарӣ мекашиданд, имрӯз он ҷо орому амн мебуд. Беамалии ҳукуматдорон, бахусус дар қаламравҳои ҳаамарз бо Тоҷикистони Қирғизистон, дар чанде аз шаҳрвандон ҳисси беҷазоиро ба вуҷуд меорад”, – қайд кард вакил.

Зимнан изҳори итминон шуд, ки айни замон Тоҷикистону Қирғизистон бояд қатъиян тавофуқҳои қаблан ҳосилшударо дар ин масъала риоя намоянд ва ҳамзамон ба кори таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад суръат бахшанд.

Баъди муноқишаи нимаи моҳи март дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷонибҳо изҳор дошта буданд, ки гурӯҳи муштараки тафишотӣ таъсис дода шуда, гунаҳкорони ташкили бетартибиҳо муҷозот мешаванд, лекин то ҳол дар бораи ҷазо гирифтани касе дар робита ба ин масъала маълумоте дастрас нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...