Вакил: саркардагони муноқишаҳо дар сарҳад бояд саривақт ба ҷавобгарӣ кашида шаванд

Сарони кишварҳо, вакилони парлумон ва аъзои ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон оромона масъалаҳои қитъаҳои баҳсиро дар сарҳади ҳарду кишвар баррасӣ мекунанд, лекин мушкилот ҳал намешавад. “Як гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандон, бахусус шаҳрвандони кишвари ҳамсоя дар ин масъала ба гапи касе гӯш намедиҳанд, ба назари онҳо, бо сангпартоӣ сӯи ҳамдигар масъала ҳал мешавад”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” раиси […]

Сарони кишварҳо, вакилони парлумон ва аъзои ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон оромона масъалаҳои қитъаҳои баҳсиро дар сарҳади ҳарду кишвар баррасӣ мекунанд, лекин мушкилот ҳал намешавад.

“Як гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандон, бахусус шаҳрвандони кишвари ҳамсоя дар ин масъала ба гапи касе гӯш намедиҳанд, ба назари онҳо, бо сангпартоӣ сӯи ҳамдигар масъала ҳал мешавад”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон генерал майор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷӯрахон Маҷидзода.

Вакил мутмаин аст, ки ҳар як муноқиша дар сарҳади давлатӣ мушкилотро боз бештар душвор ва печида месозад.

“Агар Тоҷикистону Қирғизистон қаблан саривақт саркардагони бетартибиҳоро дар сарҳад ба ҷавобгарӣ мекашиданд, имрӯз он ҷо орому амн мебуд. Беамалии ҳукуматдорон, бахусус дар қаламравҳои ҳаамарз бо Тоҷикистони Қирғизистон, дар чанде аз шаҳрвандон ҳисси беҷазоиро ба вуҷуд меорад”, – қайд кард вакил.

Зимнан изҳори итминон шуд, ки айни замон Тоҷикистону Қирғизистон бояд қатъиян тавофуқҳои қаблан ҳосилшударо дар ин масъала риоя намоянд ва ҳамзамон ба кори таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад суръат бахшанд.

Баъди муноқишаи нимаи моҳи март дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷонибҳо изҳор дошта буданд, ки гурӯҳи муштараки тафишотӣ таъсис дода шуда, гунаҳкорони ташкили бетартибиҳо муҷозот мешаванд, лекин то ҳол дар бораи ҷазо гирифтани касе дар робита ба ин масъала маълумоте дастрас нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.