Вазорати маориф: рӯзи якшанбе ҳама ба дарс!

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, ки сарфи назар аз рӯзи истироҳат будани санаи 1 сентябр, дар ин рӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар Рӯзи дониш ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, ин кор бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани «Рӯзи дониш» пеш гирифта шуда, дар ин хусус фармоиши дахлдори вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ба имзо расидааст.

“Дар банди якуми фармоиши мазкур зикр мешавад, ки бо назардошти ба рӯзи истироҳат (якшанбе) рост омадани «Рӯзи дониш» 1-уми сентябри соли 2019 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ рӯзи дарсӣ эълон гардида, 7-уми сентябри соли 2019 (шанбе) рӯзи истироҳат муқаррар карда шавад”, – қайд мешавад дар маълумоти Вазорат.

Гуфта мешавад, ба сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, директорони мактабҳои президентӣ, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дастур дода шудааст, ки иштироки хонандагону донишҷӯёнро рӯзи 1-уми сентябри соли 2019 ба дарс таъмин намоянд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ 1 сентябр, Рӯзи дониш ба шанбе рост омада, бо вуҷуди ин, дар муассисаҳои таълимӣ ин сана ҷашн гирифта шуд. Соли 2017 низ Нуриддин Саид фармонеро ба имзо расонида буд, ки мувофиқи он хонандагону донишҷӯён санаи 1 сентябр, ки ба ҷашни Иди Қурбон дар кишвар рост омада буд, бояд ба дарс ҳозир мешуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...