Вазорати маориф: рӯзи якшанбе ҳама ба дарс!

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, ки сарфи назар аз рӯзи истироҳат будани санаи 1 сентябр, дар ин рӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар Рӯзи дониш ҷашн гирифта мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, ин кор бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани «Рӯзи дониш» пеш гирифта шуда, дар ин хусус фармоиши дахлдори […]

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, ки сарфи назар аз рӯзи истироҳат будани санаи 1 сентябр, дар ин рӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар Рӯзи дониш ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, ин кор бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани «Рӯзи дониш» пеш гирифта шуда, дар ин хусус фармоиши дахлдори вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ба имзо расидааст.

“Дар банди якуми фармоиши мазкур зикр мешавад, ки бо назардошти ба рӯзи истироҳат (якшанбе) рост омадани «Рӯзи дониш» 1-уми сентябри соли 2019 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ рӯзи дарсӣ эълон гардида, 7-уми сентябри соли 2019 (шанбе) рӯзи истироҳат муқаррар карда шавад”, – қайд мешавад дар маълумоти Вазорат.

Гуфта мешавад, ба сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, директорони мактабҳои президентӣ, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дастур дода шудааст, ки иштироки хонандагону донишҷӯёнро рӯзи 1-уми сентябри соли 2019 ба дарс таъмин намоянд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ 1 сентябр, Рӯзи дониш ба шанбе рост омада, бо вуҷуди ин, дар муассисаҳои таълимӣ ин сана ҷашн гирифта шуд. Соли 2017 низ Нуриддин Саид фармонеро ба имзо расонида буд, ки мувофиқи он хонандагону донишҷӯён санаи 1 сентябр, ки ба ҷашни Иди Қурбон дар кишвар рост омада буд, бояд ба дарс ҳозир мешуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.