Зангҳои вурудӣ ба тоҷикистониён аз рақамҳои аҷоиби номаълум. Чӣ мебояд кард?

Asia-Plus

Дар Facebook имрӯзҳо огоҳӣ дар бораи дар Тоҷикистон пайдо шудани навъи нави қаллобӣ – тариқи телефон ва тарзи нави ҷалб ба ташкилотҳои террористӣ ба мисли Давлати исломӣ “сайругушт” дорад.

Одамон хабар медиҳанд, ки ба онҳо аз рақамҳои номаълум бо рамзҳои (кодҳои) кишварҳои номаълум зангҳо ворид шудаанд.

Дар огоҳӣ шарҳ дода мешавад, ки ба шумо танҳо як бор занг садо дода, сипас он қатъ мешавад. Посух додан ё дубора занг задан ба ин рақам бо он анҷом меёбад, ки дар муддати 3 сония гӯё аз ҳисоби ҷабрдида пулҳо гирифта шуда, ҳамчунин ҳамаи маълумот дар бораи корти қарзӣ ва рӯйхати рақамҳои дар робита қарордошта нусхабардорӣ шуда метавонад.

Дар фазои интернетии Русия дар ин хусус бисёр маълумоте нашр шуда буд, ки муаллифон он чунин тавсияҳо медоданд:

– Ба ҳеҷ ваҷҳ гӯширо набардошта, ба паёмак (СМС) ҷавоб надиҳед;

– Кӯшиши дубора ба ин рақам занг заданро накунед;

– Ин рақамҳоро ба “Рӯйхати сиёҳ” ворид намоед;

– Агар зангзананда аз шумо чидани рақамҳои #09 ё #90-ро дархост намояд, ин корро накунед. Ба гумони ғолиб, ин як навъи фиреб аст: қаллоб ба симкорти шумо дастрасӣ пайдо карда метавонад ва аз ҳисоби шумо занг мезанад.

“Нусхабардории маълумот бо занг задан ғайриимкон аст”

Ба гуфтаи мутахассиси техникии яке аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, нусхабардории маълумот дар бораи корти қарзӣ ё рӯйхати рақамҳои дар робита қарордошта тариқи занг аз лиҳози техникӣ ғайриимкон мебошад.

“Шояд ин як шӯхиест ё дарвоқеъ ҳам сари қаллобие сухан рафта метавонад, ки тариқи он қаллобон метавонанд аз ҳисоби зангҳои масофаи дур пул кор кунанд, чунки ин зангҳо хеле гаронанд. Дар ин кор ба таври имконпазир ширкатҳо пул кор карда метавонанд, ки трафикро аз кишвари зангзананда, агрегаторҳои трафик  ҷамъоварӣ мекунанд”, – мегӯяд ӯ.

Дар робита бо дархости чидани рақамҳои #09 ё #90 ва боз дигар рақамҳову рамзҳо, ӯ изҳор намуд, ки ин аҷиб аст.

“Мо бо чунин ҳолат дучор нашудаем ва комилан аз имкон дур нест, ки ин як шӯхие беш нест”, – шарҳ дод мутахассис.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...