Дар қисми низомии 3502 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ифтихори капитани милиитсия Фаррух Иброҳимов, ки кӯдакро зимни сӯхтор наҷот дод, санги хотиравӣ гузошта шуд.
Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода шахсан зери пояи санг гулчанбар гузошта, хотираи ӯро гиромӣ дошт.
“Капитан Иброҳимов аз худ намунаи беҳтарини инсонигарӣ ва афсариро нишон дод. Ӯ бетараф буда наметавонист. Ӯ қаҳрамонона ҳалок шуд!”, – гуфт Раҳимзода.
Афсар Фаррух Иброҳимов баъди марг бо фармони вазири корҳои дохилӣ рутбааш ду зина боло бардошта шуда, бо рутбаи подполковник қадршиносӣ гардид.
Ёдрас мекунем, ки зодаи шаҳри Конибодом, муовини командири баталйон оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502 ВКД Тоҷикистон капитан Фаррух Иброҳимов ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор ба ҳалокат расид.
Сӯхтор дар хонаи ҳамсоя дар Конибодом зимни дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштани капитан рух дода, ӯ дарҳол ба ёрӣ шитофт. Афсар кӯдаки маъюбро аз сӯхтор наҷот дода, лекин худаш бо бардошти 85% сӯхтани аъзои бадан дар беморхона ба ҳалокат расид.
Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



А говорят что там этого ребенка не было дома или что его уже спасли до того как дом гореть полностью. Но этого многие не знали и в частности сам Фаррух, но из толпы кто то кричит что в доме ребенок он быстро реагирует. Правда это или нет но все равно остается героем!