Пешбарии нахустин тоҷикистонӣ ба дарёфти Ҷоизаи Васлав Ҳавел

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзи 27 август комиссияи интихобии Ҷоизаи ҳуқуқи инсон ба номи Васлав Ҳавел дар ҷаласааш дар Прага таҳти раёсати Президенти Ассамблеяи Парлумонии Шӯрои Аврупо (ПАСЕ) Лилиан Маури Паскуа исми се номзади асосӣ ба ин ҷоиза дар соли 2019-ро эълон кард.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, ба шорт-лист ҳомии ҳуқуқи уйғурҳо Илҳом Тоҳтӣ, адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёров ва созмони «Ташаббуси ҷавонон барои ҳуқуқи инсон» («Youth Initiative for Human Rights») шомил карда шуданд.

Комиссияи интихобӣ исми барандаи ҷоизаро рӯзи 29 сентябр дар Страссбург маълум мекунад ва номи баранда рӯзи 30 сентябр дар иҷлосияи Маҷмаи парлумонии Шӯрои Аврупо дар Страссбург эълон хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Бузургмеҳр Ёров нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Васлав Ҳавел пешбарӣ шудааст.

Сиёсатмадори тоҷик, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки пешбарии номзадии Ёров ба дарёфти Ҷоизаи Ҳавел қобили таваҷҷуҳу дастгирӣ мебошад.

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ӯ изҳор намуд, ки Ёров ҳамчун адвокат ба шахсони муроҷиаткарда ба ӯ чун ба камбизоатону сарватмандон фарқ нагузошта, ба ақидаҳои сиёсии онҳо таваҷҷуҳе надошт.

“Ёров ҳамеша кӯшиш мекард, ки адвокатура дар низоми судии Тоҷикистон мавқеи арзанда дошта бошад”, – илова намуд Ҳакимов.

Ҷоизаи ҳуқуқи инсон ба номи Васлав Ҳавел ҳамасола моҳи октябр дар Страсбург ва минбаъд бо маросими қадрдонӣ дар Прага доир мегардад. Он ба ҳомии ҳуқуқ ё ташкилоти ҷамъиятӣ барои саҳми арзанда дар соҳаи пешбурди ҳифзи ҳуқуқи инсон тақдим гардида, Ҷоизаи ҳуқуқи башарро, ки Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо соли 2007 таъсис дода буд, иваз мекунад. Ҷоизаи Ҳавел дар маросими ифтитоҳи иҷлосияи тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо супурда мешавад. Ба ҷоизадор диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 60 евро тақдим гардида, воситаҳо аз ҷониби ҳукумати Чехия ҷудо карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Бузургмеҳр Ёров айни замон дар зиндон қарор дорад. Ҳабси ӯ дар пайи оғози ҳимояташ аз аъзои Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ, ки он замон мавриди тафтиш қарор доштанд, сурат гирифт.

Ба иттиҳоми қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ, беҳурматӣ нисбати суд ва таҳқири президенти Тоҷикистон ӯ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Моҳи декабри соли 2017 ӯ ба муассисаи ислоҳии низомаш сахти рақами яки шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...