Мушакафкании санаи 9 сентябри имсола ба Роғун бахшида мешавад

Санаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 9 сентябри соли равон агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун ба истеҳсоли барқ шурӯъ мекунад. Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе доир мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон. Чорабиниҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Санаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 9 сентябри соли равон агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун ба истеҳсоли барқ шурӯъ мекунад.

Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе доир мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.

Чорабиниҳои асосӣ дар Душанбе бахшида ба ҷашн шоми 9 сентябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” доир мегардад: ба сокинону меҳмонони пойтахт бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар намоиши театришуда пешкаш мешавад.

Пас аз анҷоми намоиш ба ифтихори ҷашни асосии Тоҷикистон ва ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун дар фазои шаҳри Душанбе мушакпарронӣ (фейерверк) сурат мегирад, ки муддати 5 дақиқа идома меёбад.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ҳамаи 6 агрегаташ ҳамасола то 13,4 млрд. киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки ба истеҳсоли солонаи қариб ҳамаи иқтидорҳои электроэнергетикии ҳозир мавҷудаи Тоҷикистон баробар аст.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.