Ҷаримаи кондуктори дағалрафтори микроавтобуси Душанбе

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи расидагӣ ба муроҷиати шаҳрванд Шаҳноза Қурбонова, сокини 17-солаи пойтахт Баҳриддин Абдураҳмоновро, ки ба сифати пулчин (кондуктор) дар микроавтобуси хатсайри № 15 кор мекунад, ба ҷавобгарӣ ҷалб намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД дар Душанбе, шаҳрванд Шаҳноза Қурбонова дар саҳифаи Фейсбукии худ аз дағалрафтории як нафар ҷавонписари […]

Asia-Plus

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи расидагӣ ба муроҷиати шаҳрванд Шаҳноза Қурбонова, сокини 17-солаи пойтахт Баҳриддин Абдураҳмоновро, ки ба сифати пулчин (кондуктор) дар микроавтобуси хатсайри № 15 кор мекунад, ба ҷавобгарӣ ҷалб намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД дар Душанбе, шаҳрванд Шаҳноза Қурбонова дар саҳифаи Фейсбукии худ аз дағалрафтории як нафар ҷавонписари пулчин дар микроавтобус шикоят намуда, хостори андешидани чораи қонунӣ гардидааст.

Гуфта мешавад муайян гардидааст, ки дар ҳақиқат санаи 21-уми августи соли ҷорӣ ҳангоми фаъолияти корӣ дар микроавтобуси хатсайри №15 ҳангоми ба маҳаллаи Ховарон расидан, Абдураҳмонов нисбати ин ҷавонзани мусофир, ки бо ду фарзандаш қарор дошт, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафашро дар байни дигар шаҳрвандон паст задааст.

Бо қарори суди ноҳияи Шоҳмансур Баҳриддин Абдураҳмонов барои майдаавбошӣ ба маблағи 385 сомонӣ ҷарима шуд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.