Медали нуқраи футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистон

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Қазоқистон-2019 оид ба футбол дар Нур-Султон, ки санаи 28 август анҷом ёфт, зинаи дуюмро ишғол намуд. Дар бозии финалии мусобиқа футболбозони тоҷик аз дастаи мунтахаби футоли наврасони Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрданд, хабар медиҳад сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон. Қаблан дар бозиҳои […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Қазоқистон-2019 оид ба футбол дар Нур-Султон, ки санаи 28 август анҷом ёфт, зинаи дуюмро ишғол намуд.

Дар бозии финалии мусобиқа футболбозони тоҷик аз дастаи мунтахаби футоли наврасони Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрданд, хабар медиҳад сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Қаблан дар бозиҳои даври гурӯҳӣ наврасони тоҷик бар дастаҳои Арманистон (2:1) ва Қазоқистон (2:1) дастболо шуда буданд.

Бо касби зинаи дуюм ба футболбзони навраси тоҷик ба ҷуз медалҳои нуқраи мусобиқа, ҳамчунин дар ҳаҷми 5 ҳазор доллар мукофотпулӣ тақдим шуд.

Ғолиби мусобиқа – дастаи Қазоқистон бо медали тилло ва 7 ҳазор доллар мукофотпулӣ ва соҳиби медалҳои бириниҷии мусобиқа – тими Литва бо 3 ҳазор доллар мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Бозигари мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ беҳтарин ҳимоятгари мусобиқа дониста шуд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.