Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I қадрдонӣ шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни рӯзи истиқлолияти давлатӣ бо фармони худ раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуровро бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I сарфароз гардонид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон хабар дод. То ин дам бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I танҳо раиси палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни рӯзи истиқлолияти давлатӣ бо фармони худ раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуровро бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I сарфароз гардонид.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон хабар дод.

То ин дам бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I танҳо раиси палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин шарафёб гардида буданд.

Шукурҷон Зуҳуров ходими сиёсӣ ва давлатӣ буда, аз моҳи марти соли 2010 ба ҳайси раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад.

Бо ордени Зарринтоҷ ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дигар шаҳрвандон барои хизматҳои бузург дар назди давлат, фаъолияти босамари давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, барои саҳми шоиста ҷиҳати татбиқ намудани ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ, рушди илм ва фарҳанг, барои хизматҳои махсус дар ҳифзи Ватан, барои фидокорӣ ва шуҷоати шаҳрвандӣ дар истиқрори сулҳ, устуворӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон, сарфароз гардонида мешаванд.

Ходимони сиёсиву ҷамъиятии давлатҳои хориҷӣ низ бо ордени “Зарринтоҷ” қадрдонӣ шуда метавонанд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.