“Сомон Эйр” аз 2 сентябр хатсайрҳои Маскавро ба “Тоҷик Эйр” бармегардонад

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба маълумоти мусофиронаш мерасонад, ки дар робита ба барқарор шудани фаъолияти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, аз 2 сенятябр ба анҷоми парвоз дар хатсайрҳои SZ233 ва SZ234 бо хатсайри Душанбе – Москва (Домодедово) – Душанбе хотима мебахшад.

“Сомон Эйр” дақиқ мекунад, ки бо ин хатсайрҳо вақти парвоз аз Душанбе – соати 22:00, вақти омадан ба фурудгоҳи Домодедово – 22:25, вақти парвоз аз Москва – 00:10 ва вақти расидан ба Душанбе – 06:10 (вақти маҳаллӣ зикр шудааст) муқаррар шуда буд.

Ширкати ҳавопаймоӣ ба мусофироне, ки қаблан ба ин хатсарҳо билет харида буданд, пешниҳод мекунад, ки парвози худро ба хатсайрҳои SZ201 ва SZ202 (вақти парвоз аз Душанбе – 08:00 бо вақти маҳаллӣ, вақти парвоз аз Маскав – 11:50 бо вақти маҳаллӣ) гузаронанд.

«Ҳамаи парвозҳо бо ҳавопаймоҳои тамғаи Боинг 737-800/900 анҷом дода мешавад. Барои дарёфти маълумоти муфассал ба маркази хизматрасонӣ бо рақамҳои 44-640-40-49 ва 44-640-40-50, ҳамчунин почтаи электронии [email protected] муроҷиат карда метавонед», – хабар доданд дар ширкати ҳавопаймоӣ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон бо сабаби боздошти парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр”, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба иҷрои парвозҳо бо хатсайрҳои SZ233 ва SZ234 шурӯъ намуд. Ҳамин тариқ, тамоми ин муддат “Сомон Эйр” ба ҷуз парвоз дар хатсайрҳои худ, парвоз бо хатсайрҳои пешини “Тоҷик Эйр”-ро ду маротиба дар як рӯз аз/ба фурудгоҳи Домодедово ба иҷро мерасонид.

Айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳамарӯза аз Душанбе ба фурудгоҳи Домодедово, ҳамчунин се парвозро дар як ҳафта  ба фурудгоҳи Жуковский – рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом медиҳад. Вақти парвоз аз Душанбе ба фурудгоҳи Жуковский – 19:20 ба вақти маҳаллӣ аст.

Ҳамчунин “Сомон Эйр” имрӯз аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон мунтазам парвозҳо ба иҷро мерасонад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат аст.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...