Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон доир ба табдили Донишкадаи идоракунии давлатӣ ба Академия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 1 сентябр бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ, дар маросими ифтитоҳ Пешвои миллат таъкид дошт, ки барои тайёр кардани […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 1 сентябр бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ, дар маросими ифтитоҳ Пешвои миллат таъкид дошт, ки барои тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани нерӯи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, инчунин, таҳлили илмии сифат ва самаранокии идоракунӣ ва хизмати давлатӣ зарурати баланд бардоштани мақоми ин муассиса ба миён омадааст.

Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон табдил дода шавад.

Ҳадафи ин иқдомро Сарвари давлат аз тарафи устодони Академия тайёр кардани беҳтару босифати касбии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва мусоидат кардан ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд.

Бино ба таъкиди Президенти мамлакат ин иқдом метавонад, инчунин, ба ташкили боз ҳам васеътари давраҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ташкили таҳқиқоти бунёдӣ оид ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Гуфта мешавад, бинои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ бо дастгирии Пешвои миллат соли 2013 оғоз гардида, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ бунёд гардидааст.

Иншооти таълимии 12-ошёна аз 2 қисм – маъмурию таълимӣ ва хобгоҳ иборат аст. Он барои 1320 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Меҳмонхона ва хобгоҳи замонавӣ аз 65 ҳуҷраи люкс ва нимлюкси дорои 1 ва 2 ҷойи хоб иборат буда, бо муосиртарин таҷҳизот, аз ҷумла яхдон, телевизор, мошинаҳои ҷомашӯйӣ ва дарзмолкунӣ, катҳои хоби якнафараю дунафара муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои шунавандагони курсҳои азнавтайёркуни ва такмили ихтисос, магистрантону донишҷӯён пешбинӣ гардидааст.

Дар ошёнаи дуюми бинои маъмурию таълимӣ “Маркази тавонбахшӣ ва омӯзиши шахсони имконияташон маҳдуд” фаъолият менамояд. Донишкада таҷҳизот ва маводи таълимиро барои муассисаҳои марбут ба кор бо шахсони имконияташон маҳдуд дастрас менамояд.

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон ягона муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ дар кишвар мебошад, ки муассиси он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Самти фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.

Дар Донишкада факултетҳои идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ амал менамоянд, ки аз рӯйи ихтисосҳои “идоракунии давлатӣ”, “идоракунии давлатии иқтисодиёт”, “идоракунии ҳайати кадрӣ”, “муносибатҳои байналмилалӣ” ва “амнияти иттилоотӣ” дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои мақомоти давлатӣ кадр тайёр мекунанд.

Дар Донишкадаайни замон 1214 нафар дар бакалавриат, 277 нафар дар магистратура, 737 нафар дар таҳсилоти дуюм, 339 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва дар маҷмуъ 2 567 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Сарвари давлат таъкид дошт, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастоварди таърихии халқи тоҷик мебошад, зеро ба шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншооти хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшиданд, роҳу пулҳо бунёд карда, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшиданд ва Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил доданд, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шабонарӯзӣ кор карданд ва дар натиҷа ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.