Тоҷикистон муҷозотро барои шиканҷа сангинтар карданист

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ ҷиҳати баррасӣ ба парлумони кишвар фиристод, ки мувофиқи он муҷозот барои шиканҷа сангинтар мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон. Дар сурати қабули тағйироту иловаҳо, шахсони гунаҳкор эътирофшуда ба истифодаи шиканҷа ба муҳлати аз 5 то 7 соли зиндон ҷазо гирифта метавонанд. Дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ ҷиҳати баррасӣ ба парлумони кишвар фиристод, ки мувофиқи он муҷозот барои шиканҷа сангинтар мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

Дар сурати қабули тағйироту иловаҳо, шахсони гунаҳкор эътирофшуда ба истифодаи шиканҷа ба муҳлати аз 5 то 7 соли зиндон ҷазо гирифта метавонанд.

Дар Кодекси ҷиноятии амалкунандаи Тоҷикистон барои истифода аз шиканҷа бо мақсади ба даст овардани иқроршавӣ ба гуноҳ ё дигар маълумоти зарурӣ дар шакли аз ду то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки 25 июл Кумитаи ҳуқуқи башари СММ тавсияҳои ниҳоии худро ба Тоҷикистон дар мавриди аз ҷониби кишвар иҷро шудани Аҳдномаи байнулмилалӣ дар бораи риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ирсол намуд.

Тавсияҳо аз рӯи натиҷаҳои ҳисоботи ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 126-уми Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Женева рӯзҳои 2-3 июл таҳия гардидааст. Ҳайати расмии Тоҷикистонро дар ин иҷлосия Прокурори генералии Тоҷикистонӣ Юсуф Раҳмон роҳбарӣ кард.

Он замон Кумита аз ҳукуматдорони тоҷик даъват ба амал овард, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ истифодаи шиканҷа аз байн бурда шуда, рафтори башардӯстона бо ҳамаи маҳкумшудагон дар ҳама гуна ҳолатҳо таъмин ва аз таҷрибаи истифодаи шиканҷа бо мақсади гирифтани баёноти иқрошавӣ хотима бахшида шавад.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.