Рустами Эмомалӣ намояндаи Тоҷикистонро котиби генералии CAFA таъин намуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо қарори президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ, роҳбари департаменти дастаҳои мунтахаби Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Улуғбек Каримови 31-сола котиби генералии нави CAFA таъин шуд.

Дар ин мансаб Улуғбек Каримов мутахассис аз Ӯзбекистон Санҷар Ризоевро иваз намуд, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ба кор гузашт. Каримов аз соли 2013 дар сохтори ФФТ кор мекунад, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии ФФТ.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) моҳи июни соли 2014 таъсис дода шуда, ба яке аз панҷ минтақаҳои Конфедератсияи футболи Осиё дохил мешавад.

CAFA федератсияҳои футболи шаш давлат – Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид месозад. Дар Конгресси навбатии CAFA, ки 24 апрел доир гардид, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ президенти нави CAFA интихоб шуд. Пас аз интихоби ҳайати нави раҳбарии CAFA, қароргоҳи ташкилот ба Душанбе кӯчонида шуд.

Моҳҳои июл ва августи соли равон дар Душанбе чемпионатҳои CAFA байни мунтахабҳои наврасони то 16-сола ва мунтахабҳои ҷавонони то 19-сола гузаронида шуд, ки мутаносибан дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон пирӯз шуданд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...