Қарз аз маош дар Тоҷикистон ба 4 млн. доллар расид

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо назардошти солҳои пешин, маблағи умумии қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон ба аввали моҳи августи ҳамин сол зиёда аз 38,3 млн. сомонӣ (наздики 4 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Танҳо аз аввали соли равон қарз аз музди меҳнат беш аз 1 млн. сомонӣ ё худ ба андозаи 26,8% аз ҳаҷми умумии қарз афзуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Қарзи аз ҳама зиёдтарин дар дар бахши воқеии иқтисод дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок – беш аз 13,2 млн. сомонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки қариб 35% аз ҳаҷми умумии қарзро ташкил медиҳад.

Қарз аз маош дар саноати коркард – ба 5,5 млн. сомонӣ, сохтмон – 3,7 млн. сомонӣ, бахши кишоварзиву хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ – ба беш аз 3 млн. сомонӣ баробар аст.

Дар соҳаи хизматрасонӣ қарзи аз ҳама бештар аз музди меҳнат дар соҳаи нақлиёт (беш аз 10,5 млн. сомонӣ), фаъолияти касбӣ, илмӣ ва техникӣ (793 ҳазор сомонӣ), иттилоот ва алоқа (261 ҳазор сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи маълумоти идораи омор, музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналӣ дар кишвар ба моҳи июни соли ҷорӣ 1498 сомонӣ (155 доллар)-ро ташкил додааст.

Музди меҳнати ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ айни замон 400 сомонӣ (41 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати аз ҳама пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони бахши кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва соҳаи моҳипарварӣ – 522 сомонӣ (54 доллар) ва музди меҳнати баландтаринро кормандони бахши миёнаравии молиявӣ ва суғурта – 3338 сомонӣ (345 доллар) мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...