FIFA ва Қатар нишони Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022-ро пардабардорӣ карданд

Шаби 3-юми сентябр, соати 20.22  ба вақти Қатар ва соати 22.22 ба вақти Душанбе дар шаҳри Доҳа, тайи як маросими пуршукӯҳ нишони мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол пардабардорӣ шуд, ки соли 2022 дар Қатар баргузор мешавад. Тавре Саъдӣ Ворисов, пажуҳишгари расонаии сафорати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хабаргузории “Asia-Plus” иттилоъ дод, ҳам соати 8 ва ҳам […]

Asia-Plus

Шаби 3-юми сентябр, соати 20.22  ба вақти Қатар ва соати 22.22 ба вақти Душанбе дар шаҳри Доҳа, тайи як маросими пуршукӯҳ нишони мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол пардабардорӣ шуд, ки соли 2022 дар Қатар баргузор мешавад.

Тавре Саъдӣ Ворисов, пажуҳишгари расонаии сафорати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хабаргузории “Asia-Plus” иттилоъ дод, ҳам соати 8 ва ҳам дақиқаи 22 рамзӣ буда, ба нишони Ҷоми Ҷаҳонӣ ва соли баргузоршавии мусобиқот дар Қатар иртибот доранд.

Ҳазорҳо бинанда маросими пардабардориро инчунин дар биноҳои маъруфи 23 кишвари дигар, ки ҳамзамон дар экранҳои бузург намоиш дода мешуд, тамошо карданд.

Ин маросим ҳамзамон дар майдони “Лестер”, “Канэри Уорф”-и шаҳри  Лондон, дар майдони “Сурх”-и шаҳри Маскав, майдони “Тайм Сквер”-и Ню Йорк, дар бурҷи шаҳри Кувейт, дар Лубнон, Порис ва дигар шаҳру кишварҳо низ намоиш дода шуд.

Нишони Ҷоми Ҷаҳонӣ Қатар 2022 рақами 8-ро дар пасманзари ранги ҷигарӣ – ранги парчами Қатар бо зернависи англисӣ: “FIFA WORLD CUP QATAR 2022” дар худ дорад. Ранги сафеди рақами 8 ишора ба шоли кашмирие мекунад, ки бархе мусулмонҳо ва арабҳо дар фасли зимистон ба сар мекунанд – яъне фасли баргузории бозиҳои ҶҶ-2022. Дар ҳалқаи болоии рақами 8 хамидагие дида мешавад, ки ишора ба хами руймолҳои арабист.

Дар ҳалқаи болоии рақами 8 акси тӯб дида мешавад, ки болову поинаш нуқта дорад. Ҳам нуқтаҳо ва ҳам кашиш дар ҳарфи “t”-и англисӣ дар номи Қатар ишора ба забони арабӣ доранд. Нақшҳои ҳалқаи поини рақами 8 баргирифта аз нақшу нигорҳои исломист.

Шакли нишон дар умум шакли Ҷоми Ҷаҳонист, ки мутафовит аст. Он ҳамчунин ишора ба 8 майдони футбол дар Қатар дорад, ки барои мизбонии бозиҳои ояндаи Ҷоми Ҷаҳон омода мешаванд. Муҳимтарин далолати рақами ҳашт инчунин ба муҳаббати бетаҳу поёни байни мардуми гетӣ (infinity) аст, ки бозиҳои ҷаҳонии футбол дар эҷодаш саҳм доранд.

Ёдрас мекунем, ки Қатар дар моҳи декабри соли 2010 мизбонии бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии Футбол 2022-ро баранда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.