Суғд: Ҳукми 1 соли зиндон ба 2 зан барои дидаву дониста сироят кардан ба ВНМО

Дар суди шаҳри Хуҷанд ду мурофиа тибқи огоҳона сироят кардан ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) ба итмом расид. Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди мазкур хабар доданд, мурофиаҳо алоҳида нисбати занони сокини 41-солаи шаҳри Хуҷанд ва сокини 45-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сурат гирифтааст. Бино ба иттилои манбаъ, мақоми онҳо ҳамчун гирифтори ин […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар суди шаҳри Хуҷанд ду мурофиа тибқи огоҳона сироят кардан ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) ба итмом расид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди мазкур хабар доданд, мурофиаҳо алоҳида нисбати занони сокини 41-солаи шаҳри Хуҷанд ва сокини 45-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои манбаъ, мақоми онҳо ҳамчун гирифтори ин беморӣ дар Маркази мубориза бо Аломати пазируфтаи норасоии масуният (АПНМ, СПИД) тасдиқ шудааст.

“Дар он ҷо ба онҳо дар бораи чунин мақом доштанашон хабар дода, огоҳ карда буданд, ки барои сироят накардани дигарон, чораҳои пешгириро риоя намоянд, лекин бо вуҷудӣ огоҳӣ, онҳо бо мардон ҳамхобагӣ карда, онҳоро зери хатар гузоштаанд”, – қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки суд онҳоро мутобиқи моддаи 125, қ. 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Сироят кардан бо инфекцияи ВИЧ. Дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо инфекцияи ВИЧ гузоштани шахси дигар) гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум намуд.

Ёдрас мекунем, ки дар нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2018 прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов хабар дода буд, ки танҳо давоми моҳи январи соли 2019 нисбати шахсони сироятёфта аз ВНМО, ки дидаву дониста шахсони дигарро сироят кардаанд, 7 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.