Вакилони парлумон бо интихобкунандагон вомехӯранд

Date:

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз 10 то 18 сентябр бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронанд. Вохӯриҳо мувофиқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлис Олии Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дар вохӯриҳо вакилон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаҳо ва мушкилоти интихобкунандагон аз наздик шинос мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов.

Вакилон ба интихобкунандагон дар бораи фаъолият дар парлумон ва ҳамчунин корҳои иҷрошуда дар доираи амалисозии барномаҳои пешазинтихоботиашон маълумот медиҳанд.

Вакилони мардумӣ бо интихобкунандагони худ дар як сол маъмулан ду маротиба – моҳи сентябр пас аз анҷоми таътили тобистона ва зимистон – барои шарҳу тавзеҳи паёмҳои солонаи президент ба парлумон – вохӯриҳо барпо мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...