Дар Ӯзбекистон кӯдакро зери навои карнайю сурнай ба мактаб фиристоданд

Asia-Plus

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба забони ӯзбекӣ навори видеои гусели кӯдак ба синфи якуми мактаб мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Навор дар Тошканд сабт гардида, сипас дар саҳифаи фейсбукии Uzbek Video  нашр шуд.

“Анъанаи нав. Волидон писари худро бо чунин тарз ба мактаб гусел мекунанд”, – гуфта мешавад дар матни ин навор.

Барои гусели фарзандашон ба мактаб волидон сабукрави махсус зинатёфтаро фармоиш додаанд. Хоҳари кӯдак аз даромадгоҳи хона то мошин назди пойи ӯ баргҳои гул мепартояд. Ҳамчунин даромадгоҳ ва ҳавлии хона оро дода шудааст.

“Азия-Плюс” огаҳӣ ёфт, ки дар Душанбе низ чанде аз волидон фарзандони худро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ба мактаб гусел намуданд, лекин манбаи хабар сурат ва навори видеои онро пешниҳод накард.

Дар шабакаи интернет матолиб дар бораи чӣ гуна бори нахуст фарзандони худро ба мактаб гусел кардани шахсони маъруф низ ба нашр расидааст.

Аз ҷумла, чӣ тавр Ҳунарманди халқии Русия Филипп Киркоров фарзандони худ – Мартинаи 6-сола ва Алла-Викторияи 7-соларо ба мактаб гуселонидааст. Навори видеои ҷашни Рӯзи донишро ҳунарманд дар саҳифаи Instagram нашр кардааст.

“Ана имрӯз ҳам фаро расид! Фарзандонамро дар деҳаи хурдамон ба мактаб бурдам. Мартинаро ба синфи якум ва Алла-Викторияро ба синфи дуюм. Тамоми шаб мижа таҳ накарданд, тайёрӣ диданд, дар ҳаяҷон буданд, ташвишу изтироб доштанд… Азизонам, бо оғози ҳаёти нав ва албатта, бо ҷашни Рӯзи дониш табрик мегӯям!”, – навиштааст Киркоров.

Шоҳзода Уилям ва малика Кейт Миддлтонҳо фарзандони худро хоксорона ба мактаб гусел карданд. Навори видео дар аккаунти расмии Кохи Кенсингтон рӯзи 5 сентябр нашр шуда, онро қариб 5 млн. нафар тамошо кардаанд.

Дар зернавишти видео гуфта мешавад, ки малика Шарлотта ба синфи якуми мактаби Thomas's Battersea рафта, писари калонӣ – шоҳзода Ҷорҷ ба синфи сеюм гузаштааст. Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна фарзандони онҳо бо муаллима шинос мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.