Эълони деринтизори Samsung дар бораи оғози фурӯши Galaxy Fold бо экрани қатшаванда

Asia-Plus

Ширкати Samsung рӯзи оғози фурӯши телефонҳо бо экрани қатшаванда – Galaxy Fold-ро эълон кард. Дар Кореяи Ҷанубӣ ин телефонро метавон рӯзи 6-уми сентябр харидорӣ намуд. Рӯзи 18-уми сентябр Galaxy Fold дар Франися, Олмон ва Сингапур ба фурӯш бароварда мешавад.

Samsung алҳол хабар намедиҳад, ки смартфони нав кай дар дигар бозорҳо, аз ҷумла дар Британияи Кабир ва ИМА ба фурӯш гузошта мешавад. Тибқи баъзе маълумот, оғози фурӯш дар ИМА рӯзи 27-уми сентябр таъин шуда, лекин ширкат онро расман тасдиқ накардааст, менависад Медуза.

Нахуст оғози фурӯши Galaxy Fold моҳи апрел пешбинӣ гардида, ширкат ҳатто пешакӣ фармоишҳо қабул карда буд. Сабабҳои мавқуф гузошта шудани маросим оғози фурӯш номбар нашуда, аммо ин тасмим аз ҷониби Samsung баъди он гирифта шуд, ки журналистони телефони навро мавриди озмоиш қарордода аз вайрон шудану шикастани экран шикоят карданд.

https://www.youtube.com/watch?v=E9ydQoi2VbA

Пешбинӣ гардида буд, ки нахуст фурӯши Galaxy Fold дар Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА баргузор мешавад. Дар бозори ИМА нархи Galaxy Fold 1980 доллар муқаррар шуда буд.

Тирамоҳи соли 2019 ҳамчунин оғози фурӯши телефони дигар бо экрани қатшавандаи Huawei Mate X дар назар буд. Нахуст онро моҳи июн ба бозор бароварданӣ буданд, лекин бинобар сабаби мушкилот бо Galaxy Fold, маросимро ба чандин моҳ мавқуф гузоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.