Тоҷикистон соли оянда қариб $465 млн. қарзу грант дастрас карданист

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Таҳиягарони Буҷети давлатии Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки соли 2020 Душанбе ба сифати қарзу грант беш аз 4,5 млрд. сомонӣ (қариб 465 млн. доллар) маблағ дастрас карда метавонад, ки нисбат ба соли ҷорӣ қариб 274 млн. сомонӣ (ҳудуди 29 млн. доллар) зиёдтар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз сохтори иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, соли 2021 ҳаҷми қарзу грантҳо ба буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 5,4 млрд. сомонӣ (наздики 558 млн. доллар) ва соли 2022 зиёда аз 6,1 млрд. сомонӣ (ҳудуди 630 млн. доллар)-ро ташкил хоҳанд дод.

Соли равон қарзу грантҳо дар буҷети давлатӣ наздик ба 4,3 млрд. сомонӣ (қариб 444 млн. доллар) пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2018 ба ҳукумати Тоҷикистон иҷрои барзиёди нақшаҳо оид ба ҷамъоварии даромад ба буҷет бе кумаки беруна муяссар гардид. Ба буҷет 70 млн. сомонӣ (ҳудуди 7,5 млн. доллар) зиёдтар аз нақша маблағ ворид шуд.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, камбуди воридоти маблағ ба буҷет дар соли гузашта аз ҳисоби ҷаримаҳо рӯйпӯш мегардид, ки дар ҷараёни санҷишҳои сайёр дар соҳаи тиҷорат ситонида мешуданд.

Мувофиқи пешгӯйиҳои ҳукумати Тоҷикистон, соли 2019 ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар 3 млрд. 108 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.

Муддати се соли оянда афзоиши ҳаҷми қарзи беруна дар ҳаҷми 714 млн. доллар пешгӯӣ мешавад. Ҳамин тариқ, тибқи интизороти ҳукумат, охири соли 2020 қарзи хориҷӣ ба 3 млрд. 327 млн. ва аз рӯйи натиҷаҳои соли 2021 ба 3 млрд. 441 млн. доллар хоҳад расид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.