Муҳоҷират аз Тоҷикистон дар қиёс бо соли пешин 27% афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-июли соли равон беш аз 357 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд. Дар ин бора дар гузориши “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон” бо истинод ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда (357 ҳазор нафар) қариб 27% бештар аст.

Моҳи июли соли равон ба нияти кор дар берун аз қаламрави кишвар Тоҷикистонро ҳудуди 57 ҳазор нафар тарк кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 26,7 ҳазор нафар зиёдтар мебошад.

“Болоравии сатҳи муҳоҷирати корӣ тӯли моҳҳои январ-июл дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба каме беҳтар шудани шароити кор барои муҳоҷирон (ворид шудани тағйирот ба созишнома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ) ва ҳамчунин афзоиши рушди иқтисоди Русия вобаста аст”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта сатҳи муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон тақрибан 10% кам шуда буд.

Қаблан ВАО-и Русия бо истинод ба маълумоти ҳисоботи Хадамоти сарҳадбонии ХФА Русия хабар дода буданд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ 524 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия омада, ҳадафи сафарашонро ба ин кишвар “кор” зикр кардаанд.

Бино ба маълумоти гуногун, беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон айни замон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...