Муҳоҷират аз Тоҷикистон дар қиёс бо соли пешин 27% афзуд

Давоми моҳҳои январ-июли соли равон беш аз 357 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд. Дар ин бора дар гузориши “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон” бо истинод ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда […]

Давоми моҳҳои январ-июли соли равон беш аз 357 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд. Дар ин бора дар гузориши “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон” бо истинод ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда (357 ҳазор нафар) қариб 27% бештар аст.

Моҳи июли соли равон ба нияти кор дар берун аз қаламрави кишвар Тоҷикистонро ҳудуди 57 ҳазор нафар тарк кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 26,7 ҳазор нафар зиёдтар мебошад.

“Болоравии сатҳи муҳоҷирати корӣ тӯли моҳҳои январ-июл дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба каме беҳтар шудани шароити кор барои муҳоҷирон (ворид шудани тағйирот ба созишнома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ) ва ҳамчунин афзоиши рушди иқтисоди Русия вобаста аст”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта сатҳи муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон тақрибан 10% кам шуда буд.

Қаблан ВАО-и Русия бо истинод ба маълумоти ҳисоботи Хадамоти сарҳадбонии ХФА Русия хабар дода буданд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ 524 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия омада, ҳадафи сафарашонро ба ин кишвар “кор” зикр кардаанд.

Бино ба маълумоти гуногун, беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон айни замон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.