Чаро кишоварзони тоҷик ба парвариши пахта майл надоранд?

Барои фоидаовар шудани он, ба монанди кишварҳои ҳамсоя боло бурдани нархи харид, ҷудо кардани кумакпулӣ барои сӯзишворӣ, тухмӣ ва техникаи кишоварзӣ зарур аст. Корхонаҳои коркарди пахта ва ширкатҳои таҳвилгари он дар Тоҷикистон ба деҳқонон барои 1 кило пахта аз 3,70 то 4 сомониву 30 дирам нарх пешниҳод мекунанд. Ин нарх натанҳо хароҷотро пӯшонида наметавонад, балки […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Барои фоидаовар шудани он, ба монанди кишварҳои ҳамсоя боло бурдани нархи харид, ҷудо кардани кумакпулӣ барои сӯзишворӣ, тухмӣ ва техникаи кишоварзӣ зарур аст.

Корхонаҳои коркарди пахта ва ширкатҳои таҳвилгари он дар Тоҷикистон ба деҳқонон барои 1 кило пахта аз 3,70 то 4 сомониву 30 дирам нарх пешниҳод мекунанд. Ин нарх натанҳо хароҷотро пӯшонида наметавонад, балки ба деҳқон зиён ҳам меорад.

“Агар ихтиёр дар дасти худамон мебуд, ягон вақт пунбадона кишт намекардем, лекин ҳукумат маҷбур мекунад, ки ақаллан, дар нисфи заминамон пахта кишт намоем”, – шикоят мекунанд онҳо.

Бино ба гуфтаи як кишоварз Н. аз ноҳияи Шаҳринав, тайи 5 соли охир нархи сӯзишвории дизелӣ аз 5 то ба 8 сомонӣ боло рафта, нархи пахта барои деҳқон аз 6,50 то ба 4 сомонӣ поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, як кило нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ имрӯз 12-13 сомонӣ нарх дорад ва бо назардошти 1 килои онро 4 сомонӣ харидан дар Тоҷикистон, миёнаравон ҳадди ақал 5-6 сомонӣ аз ҳар кило фоида ба даст меоранд.

Кишоварзони водии Ҳисор, ки заминҳояш серҳосил аст, нисбат ба деҳқонони вилояти Хатлон бештар ҳосил мегиранд. Хароҷот барои 1 гектар замини кишти пахта дар ин ҷо бе ҳисоби пардохти андоз на камтар аз 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо ҳосилнокии миёнаи 30 сентнер аз 1 гектар ва ба гуфтаи кишоварзони вилояти Хатлон, 20-25 сентнер дар ин минтақа, чунин натиҷа ҳосил мешавад, ки харидорон ба деҳқон барои ҳосили аз 1 гектар гирифтааш аз 6 то 12 ҳазор сомонӣ маблағ пешниҳод мекунанд.

Ана маҳз бо ҳамин сабаб кишоварзони Тоҷикистон имрӯз барои машғул шудан ба пахтакорӣ чандон майле надоранд.

Зимнан дар Вазорати кишоварзӣ деҳқононро дастгирӣ мекунанд. Мувофиқи ҳисобу китоби онҳо, хароҷоти имсолаи истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон дар 1 гектар на камтар аз 6-7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аммо онҳо нархро барои корхонаҳои коркарди пахта муқаррар карда наметавонанд.

Дар навбати худ, корхонаҳои коркарди пахта мегӯянд, нархҳо дар биржаи Ливерпул имсол поин рафта, гӯё 1 кило пахта 14 сомонӣ нарх дорад.

Қобили зикр аст, ки аз 1 гектар ҳосили сабзавот ё полезӣ метавон то 10 ҳазор доллар фоида гирифт, лекин аз кишти пахта ба даст овардани ин миқдор даромад ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, гузаштан ба кишти сабзавот барои кишоварзон фоидаовар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.