Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов ифтитоҳ шуд

Фарзанди ин овозхони шинохта – Муҳаммадрафии Кароматтуло ният дорад, ки дар ин Коллеҷ ба донишҷӯён дарс диҳад. Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов дирӯз бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пас аз навсозӣ дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муҳаммадрафии Каромтулло зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аҳли хонаводаи онҳо аз иштирок дар маросими […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Фарзанди ин овозхони шинохта – Муҳаммадрафии Кароматтуло ният дорад, ки дар ин Коллеҷ ба донишҷӯён дарс диҳад.

Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов дирӯз бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пас аз навсозӣ дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муҳаммадрафии Каромтулло зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аҳли хонаводаи онҳо аз иштирок дар маросими ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ хушҳол шуданд.

“Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни кушодани Коллеҷ беҳтарин суханонро гуфтанд. Мо – аҳли оила ба ин чорабиниӣ даъватӣ будем. Чандин мутахассисони ботаҷрибаро дар он ҷо дида, хеле хушҳол шудем. Зеро онҳо беҳтарин омӯзгорон мебошанд ва гуфта метавонем, ки дар ин даргоҳ мутахассисони хубро тарбият мекунанд”, – гуфт ӯ.

Муҳаммадрафӣ афзуд, ки ба хотири гиромидошти номи падараш барои рушди Коллеҷи ҷумҳуриявии санъат ба ҳама гуна кумак омодааст: “Агар зарур бошад, ба хонандагон дарс медиҳам. Нақшаҳои зиёд дорем, ки дар оянда онҳоро амалӣ хоҳем кард, то рӯҳу равони падарам шод бошад. Ҳамчунин интизороти зиёд аз донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов дорем”.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои Коллеҷи мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, толорҳои рақс ва навозиш, синфхонаи компютерӣ, утоқҳои кории устодон ва синфхонаҳо барои донишҷӯён иборат аст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои коллеҷи мазкур моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гардида, дар рафти сохтмони он 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғл ва маоши хуб таъмин шуданд. Бино дорои 15 синфхона буда, бо аёнияти дарсӣ ва созҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Кароматулло Қурбонов аз зумраи беҳтарин ҳунармандони тоҷик буда, 29-уми ноябри соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Сурудҳои машҳури ӯ – "Зиндагӣ", "Андак-андак", "Рақс бикун" ва ғайра дар дили мардум ҷо шудаанд.  Рӯзи 18-уми октябри соли 1992 Кароматулло ва гурӯҳи навозандагони ӯ  дар ҳудуди ноҳияи Ёвон кушта шуданд.

Имрӯз фарзандони шодравон Кароматулло Қурбонов – Нозия ва Муҳаммадрафӣ касби падарро давом дода, миёни мардум ҳаводорони зиёд доранд.

https://www.youtube.com/watch?v=PKtJYv3RYrA

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.