Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Галереяи санъати муосири Тоҷикистон (МС “Душанбе Мол”) намоишгоҳи эҷоди рассоми Япония бо усули манга Каору Мори идома дорад. Намоишгоҳ ба расму анъанаҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Вақти кори намоишгоҳ аз соати 10:00 то 20:00. Воридшавӣ озодона аст; – Дар мусобиқаи Ҷоми Дэвис оид ба теннис дар гурӯҳи IV минтақаи Осиё\Океания дар Уммон […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Галереяи санъати муосири Тоҷикистон (МС “Душанбе Мол”) намоишгоҳи эҷоди рассоми Япония бо усули манга Каору Мори идома дорад. Намоишгоҳ ба расму анъанаҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Вақти кори намоишгоҳ аз соати 10:00 то 20:00. Воридшавӣ озодона аст;

– Дар мусобиқаи Ҷоми Дэвис оид ба теннис дар гурӯҳи IV минтақаи Осиё\Океания дар Уммон (Урдун) мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” бо дастаи Қирғизистон рақобат мекунад;

– Дар Екатеринбург Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс идома дорад. Ҳайати Тоҷикистон аз Баҳодур Усмонов, Бахтиёр Мирзомуҳаммад, Бахтовар Сагизов ва Шаббос Неъматуллоев иборат аст;

– Дар мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бозиҳои зерин баргузор мешаванд: «Барқчӣ» – «Ваҳдат», «Ҳулбук» – «Файзқанд», «Исфара» – «Парвоз», «Эсхата» – «Саройқамар». Оғози бозиҳо соати 16:30

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6909 сомонӣ;

1 евро – 10.6232 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1486 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи мелиораторон

1932 – Канали магистралии Вахш мавриди истифода қарор гирифт.

2016 — Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба ифтихори собиқ раиси Иттиҳод Акбаралӣ Саттор, ки муддати 10 сол ба ин ташкилот роҳбарӣ кард, медали «Акбари Саттор» таъсис дод.

2018 — Дар Тоҷикистон яке аз баландтарини нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҷаҳон – нерӯгоҳи хурди “Оқсу” бо иқтидори 1,5 ҳазор Квт ба истифода дода шуд, ки минбаъд Тоҷикистон номида мешавад.

1929 – Зодрӯзи доктори улуми филологӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон профессор Ҷонон Бобокалонова.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 13 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.