Раисҷумҳур дар Данғара сутунпояи рамзи “Хӯшаи гандум”-ро боз кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми сентябр дар ноҳияи Данғара сутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум», литсейи техникӣ, роҳи мошингард, майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдаконро ифтитоҳ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, баландии сутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум» 33 метр ва андозаи худи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, сутунпоя аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми сентябр дар ноҳияи Данғара сутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум», литсейи техникӣ, роҳи мошингард, майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдаконро ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, баландии сутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум» 33 метр ва андозаи худи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, сутунпоя аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, масоҳати умумии майдонаш ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар қисми болоии рамз соли таъсисёбӣ ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шудааст. Атрофи майдони иншоотро дар шаб 30 адад чароғакҳои ранга равшанӣ мекунад, ки ба атроф зебогии дигар зам менамояд.

Дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бо ҳузури Президент муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» боз шуд. Он барои ба омӯзиш фаро гирифтани ҷавонону наврасон ва инчунин сокинони бешуғли мамлакат ба ихтисосҳои системаи компютерӣ ва интернет технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил бо иловаи ронандаи дараҷаи «С», монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, кафшергари газию барқӣ, дӯзанда, инчунин ошпаз-қаннод, калобаресӣ ва рангубордиҳӣ дар саноати субук ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Дар муассиса имкон аст дар як баст 300 хонанда ба таълим фаро гирифта шавад ва дар он хонандагон баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул карда мешаванд. Дар назди ин муассисаи таълимӣ ҳамчунин кусрҳои кутоҳмуддат амал мекунанд ва имкон аст шахсони бешуғл ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.

Ҳамчунин дар ин ҷамоат Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаро, ки деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳорро ба ҳам мепайвандад мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Роҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов таъмиру навсозӣ гардидааст. Давоми 2 соли оянда аз ҷониби ин соҳибкор дар деҳаҳои деҳоти Пушинги ноҳия таъмиру навсозии боз 5,5 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст.

Дар маркази ноҳияи Данғара бо иштироки Сарвари давлат майдончаҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдакона мавриди истифода қарор гирифт.

Гуфта мешавад, иншооти варзишӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳияи Данғара, оилаи Гуловҳо ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои муосир бунёдшуда, барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, баргузории бозиҳои кӯдакона, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва ташкили машғулиятҳои дастаҳои варзиш, нигаронида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.