18 муҳоҷири тоҷикро аз шаҳри Владимир ба ватан мефиристанд

Бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош 18 нафар муҳоҷирони тоҷики қаблан боздоштшуда аз шаҳри Владимири Русия хориҷ карда мешаванд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, онҳо охири моҳи август боздошт шуда буданд. Қаблан ӯ хабар дода буд, ки зимни рейдҳо дар шаҳри […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош 18 нафар муҳоҷирони тоҷики қаблан боздоштшуда аз шаҳри Владимири Русия хориҷ карда мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, онҳо охири моҳи август боздошт шуда буданд.

Қаблан ӯ хабар дода буд, ки зимни рейдҳо дар шаҳри Владимир 200 нафар муҳоҷирон боздошт шуда буданд, ки миёни онҳо 80 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

“Мо ин маълумотро санҷидем ва маълум шуд, ки ҳамагӣ 200 нафар муҳоҷиронро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздошт намуда, нисбат ба 80 нафари онҳо барои риоя накардани меъёрҳои қонунгузорӣ дар бораи ҳузур дар қаламрави Русия санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Байни ин 80 нафар 18 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд”, – шарҳ дод Аҳмадов.

Ҳамчунин он замон Иброҳим Аҳмадов ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ҷамъияти тоҷикон ва намояндагӣ ҷиҳати кумак ба муҳоҷирони боздоштшуда омодаанд.

“Мо ва ҷамъияти тоҷикон барои кумак ба ин муҳоҷирон ҳамаи ҳолатҳоро меомӯзем. Агар онҳо воқеан ҳам қонунро риоя накарда, ғайриқонунӣ кор мекарданд, ба онҳо ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Мутаассифона, дар ин ҳолат мо ба онҳо кумак карда наметавонем. Агар далелҳои боздошти ғайриқонунии онҳо тасдиқ шавад, ба шаҳрвандон ҷиҳати дарёфти адолат кумак мекунем”, – изҳор дошта буд номбурда.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.