Хатлон: духтарчаи 2-сола ба пайҷойи думетраи симчӯби барқ афтод

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон духтарчаи 2-соларо аз ҷуқурии думетра берун оварданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, соати 16:00-и рӯзи 11-уми сентябр ба навбатдори Кумита дар вилояти Хатлон хабар расидааст, ки бар асари бетаваҷҷуҳии волидон тифле  дар мағоке афтода, ки бештар аз ду метр умқ дорад. “Тифли хурдсол дар ҳавлӣ […]

Asia-Plus

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон духтарчаи 2-соларо аз ҷуқурии думетра берун оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, соати 16:00-и рӯзи 11-уми сентябр ба навбатдори Кумита дар вилояти Хатлон хабар расидааст, ки бар асари бетаваҷҷуҳии волидон тифле  дар мағоке афтода, ки бештар аз ду метр умқ дорад.

“Тифли хурдсол дар ҳавлӣ саргарми бозӣ ва ин асно чун касе ҳамроҳаш набудааст, дар пайҷойи симчӯби барқ сарнагун шудааст, – омадааст дар хабар.  – Пайҷойро кормандони хадамоти истиқомативу коммуналӣ барои гузоштани сутуни барқӣ канда будаанд”.

Гуфта мешавад, кӯдак бо ёрии наҷотдиҳандагон дар зарфи 3 дақиқа берун оварда шуда, ба ӯ ёрии тиббии аввалия расонида шуд. Сипас кӯдакро ба волидонаш супориданд, вале онҳо барои бистарӣ кардани духтарчаи худ розӣ нашудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз волидон хоҳиш кардааст, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.