Мутахассис аз Сербия сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон таъин шуд

Рӯзи 12-уми сентябр маросими муаррифии сармураббии нави дастаи мунтахаби футзал (футболи хурд)-и Тоҷикистон мутахассиси Сербия Деян Дедович 46-сола доир гардид. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ӯ ҳамзамон вазифаи сармураббиро дар дастаи футзали “Сипар”-и Хуҷанд иҷро мекунад. “Роҳбарӣ ба дастаи футзали Тоҷикистон барои ман санҷиши бузург аст, – гуфт Деян Дедович. – Сармураббии пешини даста Ҳусейн Шодиев […]

Asia-Plus

Рӯзи 12-уми сентябр маросими муаррифии сармураббии нави дастаи мунтахаби футзал (футболи хурд)-и Тоҷикистон мутахассиси Сербия Деян Дедович 46-сола доир гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ӯ ҳамзамон вазифаи сармураббиро дар дастаи футзали “Сипар”-и Хуҷанд иҷро мекунад.

“Роҳбарӣ ба дастаи футзали Тоҷикистон барои ман санҷиши бузург аст, – гуфт Деян Дедович. – Сармураббии пешини даста Ҳусейн Шодиев ва мураббии мунтахаби ҷавонони то синни 20-солаи ҷумҳурӣ Эраҷ Носеҳов дар ситоди сармураббиён ба ман кумак мекунанд”.

Сармураббии нав гуфт, ки назди ӯ вазифа гузошта шудааст, бо дастаи Тоҷикистон ба даври финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирад.

“Дар марҳилаи интихобӣ, ки аз 23 то 25 октябр дар Эрон баргузор мешавад, мо дар як гурӯҳ бо тимҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал бозӣ мекунем. Барои дарёфти роҳхат ба Чемпионати Осиё ба мо ду ғалаба зарур аст”, – иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи Дедович, ҳафтаи оянда омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо тимҳои АМА ва Баҳрайн оғоз мегардад, ки рӯзҳои 25-26 ва 29-30-юми сентябр мутаносибан дар Дубай ва Манама баргузор мешаванд. Барои иштирок дар онҳо ба дастаи мунтахаб 14 нафар бозигарон даъват мешаванд.

“Даҳ бозии охири мунтахаби футзали Тоҷикистонро таҳлил карда, ба Федератсияи футболи кишвар гузориш додам. Мо бояд тафаккури бозигарони дастаи мунтахабро тағйир диҳем, то ки дар онҳо рӯҳияи ғолибу комёб ташаккул ёбад”, – афзуд сармурабии нави мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.