Шаҳзода Султонбоева дар Челябинск “Маликаи рақс” шуд

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Шаҳзода Султонбоева аз Тоҷикистон дар озмуни зебоӣ барои духтарони бо аробачаи маъюбӣ намояндагӣ кард. Озмун дар шаҳри Челябинск баргузор шуд. Дар он 12 духтар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Украина ва Русия ширкат варзиданд.

Рӯзи 15-уми сентябр даври финалии озмуни ҳамасолаи умумирусиягии хайрия барои духтарони бо аробачаи маъюбӣ “Барои пирӯзӣ таваллудшудагон!” доир гардид, ки дар он духтарони маъюб аз 5 кишвар ва гӯшаву канори Русия гирд омаданд.

Ин духтарон собит карданд, ки барои онҳо ҳеҷ чизи ғайриимкон вуҷуд надорад. Шаҳзода Муминова бо либоси миллии тоҷикии "Чакан" рақсид.

“Хеле шодам, ки Тоҷикистонро намояндагӣ мекунам ва бо ин ифтихор дорам, – гуфт ӯ дар мусоҳибаи “Азия-Плюс”. – Озмун ба ман хеле писанд омад. Замаи духтарон боистеъдоданд. Аз шиносоӣ бо иштирокдорон аз кишварҳои дигар хеле хушҳолам. Умедворам, ки минбаъд низ робитаву дӯстии мо идома меёбад”.

Ба гуфтаи ӯ, "озмун ба ҳамаи онҳо имкон дод, то ба тамоми ҷаҳониён нишон диҳанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ ҳеҷ гуна маҳдудият монеа шуда наметавонад”.

Дар ватан Шаҳзода маҳфили рақс барои духтарони бо аробачаи маъюбӣ дорад. Маҳфил дар чаҳорчӯби лоиҳае, ки аз ҷониби сафорати ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, ташкил гардида, шиори “Ба худат бовар карда, ба дигарон нишон деҳ”-ро сармашқи кори худ қарор додааст.

“Гурӯҳ аз 6 нафар духтарони маъюб иборат аст. Ҳамаи мо дар аробачаҳои маъюбӣ мерақсем. Ба ҷуз 6 нафар узви доимии маҳфил, боз 6-7 нафари дигар, ки машғули рақсанд, назди мо меоянд, лекин дар саҳнаҳо ҳунарнамоӣ намекунанд, – мегӯяд Шаҳзода. –  Мутаассифона, бархе аз волидон муқобили рақси духтаронашон, намоиш додани онҳо дар телевизион ё интернет мебошанд. Вале ба ҳар ҳол, ман духтаронро ба наздамон барои омӯзиши рақс даъват мекунам, зеро ин муфид аст, ба кас рӯҳу тавони тоза мебахшад”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...